ДАР БОРАИ ТАЪҒИРОТИ ДАР ПЕШИСТОДАИ ТАРҲ ВА ДОРУХАТИ ОМЕХТА ОГОҲ МЕНАМОЕМ
Нақшаи гузаштан ба омехтаи нав
Ҳаҷми хӯроки яквақта ва миқдори онҳо аз синну соли кӯдак вобаста аст.
Ҳар дафъа ба кӯдак бо шири модар ё омехта то миқдори зарурӣ хурок диҳед.
Даярдоо ыкмасы
Пеш аз омода намудани омехта дастонатонро шӯед. Шишача, пистонак ва сарпӯши онро бодиққат шӯед, то ки дар онҳо ягон осори омехта намонад.
Онҳоро 5 дақиқа ҷӯшонед. То пеш аз истифода бурдан рӯяшро пӯшед. Оби нӯшокиро 5 дақиқа ҷӯшонед ва сипас то 40 дараҷа хунук кунед.
Ба ҷадвали хурокдиҳӣ қатъиян риоя намуда, миқдори дақиқи ченшудаи оби гармро ба шишаи ҷӯшонидашуда резед.
Ба ҷадвали хурокдиҳӣ қатъиян риоя намуда, хокаро дар шумораи дақиқи қошуқҳои ченкунии мувофиқи синну соли кӯдакатон илова кунед. Танҳо қошуқи ченкуниро истифода баред, ки дар қуттӣ аст ва онро ҳамвор пур кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки қошуқи ченкунӣ хушк аст ва онро ба қуттӣ баргардонед.
Барои он ки омехта пурра ҳал шавад, шишаро дар дастонатон тақрибан 5 сония ба пеш ва пас гардонед, сипас онро тақрибан 10 дақиқа бошиддат боло ва поён ҷунбонед.
Пас аз тайёр кардани омехта, зарф бояд маҳкам пӯшида шавад. Пеш аз хурокдиҳӣ ҳарорати омехтаро тафтиш кунед.
Эзоҳ: Омехта бояд бевосита пеш аз хӯрокдиҳӣ омода карда шавад. Ба дастури омодакуни дақиқ риоя намоед. Барои омода кардани омехта бояд қошуқи ченкунии ҳамроҳкардашударо, ки ҳамвор пур кардашуда истифода баред. Омехта кардани миқдори нодурусти хока – бештар ё камтар дар муқоиса бо миқдори дар ҷадвал нишондодашуда – метавонад ба беобшавии бадани кӯдак ё халалдор шудани ғизои ӯ оварда расонад. Пропорсияҳои (таносубҳои) нишондодашударо бе маслиҳати корманди тиббӣ тағир додан мумкин нест. Истифодаи оби ҷӯшониданашуда ва шишаҳо, инчунин нигоҳдорӣ, интиқол ва омодасозии нодуруст метавонад барои кӯдак ба оқибатҳои ногувор оварда расонад. Омехтаи баъди хурокдиҳӣ изофагашта набояд нигоҳ дошта шавад ё дубора истифода шавад.
Қоидаҳои нигоҳдории омухтаи ширӣ ва шири кӯдакона
Пас аз истифода, қошуқи омехтаи кӯдакона/шир боядфавран ба бастабандии худ баргардонида шавад. Қошуқ набояд бо сатҳҳои дигар тамос гирад.
Рехтани шири кӯдакона ва қошуқҳо ба зарфҳои дигар тавсия дода намешавад; онҳо бояд дар бастабандии аслии худ нигоҳ дошта шаванд. Барои таъмини махкамии (герметикии) максималии бастабандӣ, нагузоред, ки маҳсулот ба канори зарф резад.
Дар ҷои алоҳидаи хушк, дар ҳарорати на бештар аз 25 °C ва намии нисбии на бештар аз 75%, дур аз нури бевоситаи офтоб то мӯҳлати истифодааш, ки дар баста нишон дода шудааст, нигоҳ доред.
Қуттии кушодашудаи омехта ё ширро набояд аз 3 ҳафта зиёд нигоҳ дошт. Дар яхдон нигоҳ доштан тавсия дода намешавад.
Ҳангоми пайдо шудани ранг, бӯи ғайрихос, гум шудани пошхӯрӣ ва пайдоиши лахтаҳо дар омехта/шир, ин маҳсулотро истифода набаред!
Мо инчунин мефаҳмем, ки ширмаконӣ на ҳамеша барои волидон имконпазир аст, бинобар, тавсия медиҳем, ки бо мутахассис дар бораи тарзи хӯрондани кӯдак сӯҳбат кунед ва оид ба вақти ҷорӣ намудани хӯроки иловагӣ маслиҳат гиред. Агар шумо тасмим гирифта бошед, ки кӯдакро бо шири модар нахӯронед, ёд дошта бошед, ки таъғир додани ин қарор метавонад душвор бошад ва он пасомадҳои иҷтимоӣ ва молиявӣ дорад. Ҷорӣ намудани хӯронидани қисмакӣ аз шишача ҳаҷми шири модарро кам мекунад. Барои пешгирӣ кардани хавф ба саломатии кӯдак, омехтаи кӯдаконаро ҳамеша бояд мувофиқи дастури рӯи тамғакоғаз омода, истифода ва нигоҳдорӣ кард.